Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиён қароргоҳҳои Қаззофиро ишғол кардаанд


Шӯришиён имрӯз ба сӯи қароргоҳи Боб Ал-Азизия ҳаракат доштанд.
Шӯришиён имрӯз ба сӯи қароргоҳи Боб Ал-Азизия ҳаракат доштанд.
Бино ба гузоришҳо, садҳо нафар аз шӯришиёни Либия, ба қароргоҳи асосии низомии Муаммар Қаззофӣ дар пойтахт шаҳри Троблус ворид шудаанд. Доир ба сарнавишти ӯ ҳанӯз хабаре дар даст нест. Паймони НАТО пештар аз ин гуфт, бо ишғоли бисёре аз бахшҳои шаҳри Троблус аз сӯи шӯришиёни Либия, суқути Муаммар Қаззофӣ наздик шудааст. Роланд Лавуа, сухангӯи НАТО имрӯз дар Брюссел ба хабарнигорон гуфт: "Бо вуҷуди ғавғое, ки онҳо дар Троблус мекунанд, умри режими Муаммар Қаззофӣ ба поёни худ наздик мешавад. Барои масъала ҳалшудааст ва суоли аслӣ кай аст." Аз сӯи дигар, Сайф ул-Ислом писари Қаззофӣ, ки мегуфтанд, боздошт шудааст, дар шаҳри Троблус пайдо шуд ва хабари боздошташро рад кард.
XS
SM
MD
LG