Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари додситони собиқи кулли Тоҷикистон зиндонӣ шуд


Додгоҳи олиии Тоҷикистон, Файзулло Бобохонов, писари Бобоҷон Бобохонов, додситони собиқи куллро ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Ба гузориши хабаргузории “Азия Плюс“, додгоҳ Файзулло Бобохоновро аз ҷумла ба сӯистифода аз мансаб, тассаруфи амволи ғайр гунаҳкор донистааст. Дар хабар омадааст, Файзулло Бобохонов ин ҷиноётро замони кораш дар ниҳодҳои мухталифи додситонӣ содир кардааст. Файзулло Бобохонов, молу мулки зиёд аз ҷумла чаҳор хона ва се мошини гаронқиммат доштааст, ки бо қарори мақомот муомилот бо ҳамаи ин амвол муттавақиф шудааст.
XS
SM
MD
LG