Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайфулислом Қаззофӣ дар асорат набудааст


Сайфулислом Қаззофӣ(Акс аз бойгонӣ)
Сайфулислом Қаззофӣ(Акс аз бойгонӣ)
Хабаргузориҳои ғарбӣ мегӯянд, Сайфулислом, яке аз писарони ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ на дар асорати чирикиҳо, балки дар озодӣ ва дар Троблус буда, шаби гузашта ба меҳмонсарое, ки хабарнигорони хориҷӣ ба сар мебаранд, зоҳир шудааст. Ӯ гуфтааст, падараш низ дар амн қарор дорад ва Троблус ба чирикиҳо таслим нашудааст. Чирикиҳо қаблан гуфта буданд, ки Сайфулислом ва ду бародари дигараш –Муҳаммад ва Саъдро асир гирифтаанд. Додгоҳи Ҳейг, ки Сайфулисломро бо иттиҳоми ҷиноёти ҷанг таъқиб мекунад, низ боздошти ӯро таъйид карда буд.
XS
SM
MD
LG