Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хиёбони марказии Душанбе шомгоҳон баста мешавад


Шерафган Латифов-сухангӯи дафтари матбуотии идораи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ба матбуот хабар додааст, ки аз 25 август хиёбони “Дӯстӣ”-и пойтахт барои омодагӣ ба ҷашни 20 солагии истиқлоли Тоҷикистон шабона баста мешавад. Аз 25 август то 5 сентябр ҳар шом ҳаракати нақлиёт тавассути хиёбони Рӯдакӣ аз Майдони 800 солагии Маскав то чорроҳии хиёбони Фотеҳ Ниёзӣ аз соати 18 то 22 қатъ мешавад. Дар ин муддат низомиён ба расми гузашт ё паради Рӯзи Истиқлол омодагӣ мегиранд. Дар расми гузашт ё парад 10 ҳазор сарбозу афсарони нируҳои мусаллаҳ ширкат мекунанд. 80 дарсади онҳоро нируҳои вазорати дифоъ ташкил медиҳанд. Дар маркази вилоятҳои дигар низ чунин расми гузашт баргузор ва дар он то ҳазор сарбозу афсар ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG