Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад бо паёме ба мардуми Сурия муроҷиат мекунад


Раисиҷумҳури гирифтор ба мушкили Сурия Башор ал-Асад қарор аст бо як паёми телевизионӣ ба мардуми кишвараш муроҷиат кунад. Ин руҷӯъ се рӯз пас аз даъвати сарони Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо ба истеъфои ӯ сурат мегирад. Хабаргузории давлатии Сурия мегӯяд, Асад дар паёмаш “биниши оянда”-и мамлакатро тавзеҳ хоҳад дод, аз ҷумла бархе аз ислоҳоти давлатиро. Соати пахши паём мушаххас нашудааст. Дар ин байн ҳайати ҳуқуқи башари Созмони Милал вориди Димишқ шуд то вазъи ҳуқуқи инсонро дар робита ба саркӯби хунини норозиён аз тарафи нерӯҳои давлати Сурия баррасӣ кунад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, аз оғози нооромиҳо дар Сурия дар моҳи март зиёда аз 2000 шаҳрванди ин кишвар кушта ва ҳазорон нафар боздошт шудаанд
XS
SM
MD
LG