Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми ду кӯҳгарди амрикоӣ дар Эрон тасдиқ шуд


Додситони кулли Эрон имрӯз ҳукми ҳашт сол ҳабси ду шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаро тасдиқ кард, ки ду сол пеш дар масири марзи Эрону Ироқ боздошт шудаанд. Хабаргузориҳои эронӣ пештар иттилоъ доданд, ки Шон Бауэр ва Ҷош Фаттал барои “вуруди ғайриқонунӣ” се сол ва барои “ҷосусӣ” бояд панҷ соли дигарро дар маҳбас гузаронанд. Додситони кулли Эрон Аббос Ҷаъфари Давлатободӣ гуфт, маҳкумшудагон барои шикоят аз ин ҳукм 20 рӯз фурсат доранд. Ҳукми амрикоии савум, Сара Шруд, номзади Бауэр ҳанӯз содир нашудааст. Вай дар ивази гаравпулии 500 000 доллар дар моҳи сентябри соли 2010 озод шуда ва ба Калифорния баргашт. Сегона мегӯяд, онҳо дар моҳи июли соли 2009 ҳангоми кӯҳгардӣ надониста, марзи беаломати Эронро гузаштанд ва б оздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG