Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ хостори лағви иттиҳомоти зидди Урунбой Усмонов шуд


Кумитаи дифоъ аз журналистон(CPJ), марказаш дар Ню Йорк, аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки иттиҳомоти “сохта”-и зидди хабарнигори Би-би-сӣ Урунбой Усмоновро лағв кунанд. Ноиби раиси ин кумита, Роберт Маҳонӣ ин иттиҳомотро “бемаънӣ” номид ва гуфт, журналист бино бар тақозои ҳирфаияш ҳақ дорад, бо ҳама анвои мардум, аз ҷумла гурӯҳҳои зидди ҳукумат низ муошират кунад. Ин изҳорот дар ҳоле пахш шудааст, ки ҳафтаи гузашта дар муҳокимаи Усмонов чаҳор шоҳид гуфтанд, ки дар бораи иртиботи Усмонов бо Ҳизби таҳрир ва ё таблиғи ақидаҳои ин ҳизб аз тарафи Усмонов иитилое надоранд. Муҳокимаи хабарнигор дар додгоҳ 23-юми август идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG