Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтироъи навъи бесобиқаи пахта дар Тоҷикистон


Гурӯҳи донишмандони Пажуҳишгоҳи замини Академияи кишоварзии Тоҷикистон навъи нави пахтаеро офариданд, ки дар ҷаҳон собиқа надорад.

Ба иттилоъи хабаргузории Азия-плюс, вижагии навъҳои ҷадиди пахтаи миёнанахи “20 солагии истиқлол” ва маҳиннахи “Авасто” дар он аст, ки гулҳои онҳо намешукуфанд ва аз ин рӯ, шамолу ҳавои гарм ва ҳашароти зараррасон ба он таъсире намегузоранд.

Навъҳои нави пахта ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ карда шудаанд.

Раиси Пажуҳишгоҳи замини Академияи кишоварзӣ Саидҷамол Саидов пешгӯӣ кардааст, ки аз навъҳои нави пахта метавон аз ҳар гектар то 45-47 сентнер ҳосил ҷамъ овард.
XS
SM
MD
LG