Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷо Байден аз дигаргуниҳои азим дар Чин ситоиш кард


Ҷо Байден, муовини раисиҷумҳури ИМА, дар ҷараёни сафараш ба Пекин бо муовини раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дидору гуфтугӯ кард. Си Ҷинпин яке аз ҷойгузинҳои эҳтимолии раҳбари феълии Чин Ҳу Ҷинтао маҳсуб мешавад.

Дар мулоқот ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла, барномаи Амрико барои коҳиши касри буҷа, баррасӣ шуд. Аз ин пеш Чин, бузургтарин кишвари қарздиҳанда ба ИМА, аз Вошингтон даъват карда буд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз бӯҳрони молиявӣ аз чораҳои қатъӣ кор бигирад.

Ҷо Байден дар мулоқот бо Си Ҷинпин ба дигаргуниҳои азим дар Чин дар ду даҳсолаи ахир ишора кард.
XS
SM
MD
LG