Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ баъзе кормандонашро аз Сурия фаро хонд


Майкл Виллямс
Майкл Виллямс
СММ мегӯяд, кормандони дуввумдараҷаи худро аз Сурия фаро хондааст, зеро Башор Асад-раиси ҷумҳури ин кишвар ҳамчунон ба саркӯбии тазоҳуроти эътирозӣ идома медиҳад. Майкл Виллямс-ҳамоҳангсози вижаи СММ барои Лубнон дар эъломияе гуфт, ки 26 корманди СММ бо хонаводаҳояшон аз Сурия хориҷ шудаанд. Виллямс ҳамчунин гуфт, ки вай аз вазъ дар шаҳри соҳилии Латакия сахт нигарон аст. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, дар ин шаҳр дар ҳамлаи низомиён 36 нафар кушта шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, низомиён дар Латакия ва дар Димишқ даҳҳо нафарро боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG