Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо вуҷуди таҳдид мухолифон музокираро идома доданд


Конгресси Милии Арманистон, ки созмони мухолифи давлати ин кишвар мебошад, тасмим гирифтааст, ки музокира бо ҷониби ҳукуматро идома медиҳад. Ин созмон таҳдид карда буд, ки баъд аз ба зиндон андохтани чанд нафар аз фаъолонаш музокиротро мутаваққиф месозад. Вале намояндагони Конгресси Милии Арманистон ва намояндагони эътилофи ҳокими ин кишвар дирӯз музокироти худро идома доданд ва дар он рӯйдодҳои 9-ӯми августро баррасӣ карданд. Дар ин рӯйдодҳо 7 нафар аз фаъолони ҷавони Конгресси Миллии Арманистон боздошт шуданд. Чаҳор нафари онҳо раҳо шуданд.
XS
SM
MD
LG