Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои Либия ба Брега аз "Скад" мушак андохтанд


Нерӯҳои вафодор ба раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ дар мубориза бо ошӯбгарон бори аввал аз мушакҳои “Скад” истифода карданд.

Аҳмад Банӣ, сухангӯи ошӯбгарон ба хабаргузории Рейтерз гуфт, ки нерӯҳои Қаззофӣ яке аз ин мушакҳоро ба шаҳри бандарии Брега андохтанд. Брега чандест, ки таҳти назорати ошӯбгарон қарор дорад.

Ба гуфтаи Банӣ, ошӯбгарон ҳаракат сӯи пойтахт - шаҳри Триполиро идома медиҳанд. Айни ҳол набардҳо дар шаҳрҳои Аз-Зовия ва Гариён идома доранд.Табибони шаҳри Аз-Зовия хабар доданд, ки аз тири мерганҳои ҳукуматӣ дасти кам се сокини осоишта кушта шудаанд.

Ахиран Муаммар Қаззофӣ аз ҷонибдоронаш даъват намуд, ки "кишварро аз хоинон пок кунанд". Имрӯз ҳам Триполӣ ва ҳам ошӯбгарон хабарҳои баъзе расонаҳо дар бораи музокироти махфӣ миёни ҷонибҳои даргир дар ҷазираи Ҷербаи Тунисро рад карданд.
XS
SM
MD
LG