Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баста шудани нақби "Истиқлол" барои таъмири ниҳоӣ


Нақби "Истиқлол"
Нақби "Истиқлол"
Қарор аст имрӯз,16-ӯми август вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз бастани нақби “Истиқлол”-и ин кишвар хабар диҳад. Дар ин бора Ромин Раззоқӣ-муҳандиси иҷроии ширкати "Собир-ҷадид"-и Эрон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ изҳори ақида кард. Вай гуфт, рӯзи сешанбе, 16-уми август аз Вазорати нақлиёт меоянд ва масъалаи баста шудани туннел аз тариқи телевизиони маҳаллӣ эълон мешавад. Ҳаракати мошинҳо аз тариқи туннел комилан қатъ мегардад ва мардум аз тариқи гарданаи Анзоб ҳаракат мекунанд." Нақби “Истиқлол”, ки ду қисмати Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад, яке аз ифтихороти истиқлоли Тоҷикистон аст ва то ҳол корҳо дар “Истиқлол” нимкораанд.
XS
SM
MD
LG