Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волии собиқи Миннесота аз сабқати муқаддамотӣ берун шуд


Мишел Бакман
Мишел Бакман
Волии собиқи аёлати Миннесота Тим Поленти аз идомаи мубориза барои пешбарии номзадияш ба мақоми раисиҷумҳури ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳон даст кашид. Ӯ дар ин бора баъд аз он тасмим гирифт, ки дар раъйпурсии ғайрирасмӣ дар аёлати Айова фақат мақоми саввумро соҳиб шуд.

Дар раъпурсӣ узви Палатаи намояндагон Мишел Бакман бештари овозҳоро соҳиб гардид. Ва аммо ду довталаби аслӣ аз ҷумҳурихоҳон - волии пешини Массачусетс Мит Ромнӣ ва волии Техас Рик Перри ширкат надоштанд.

Интихоботи навбатии раёсатҷумҳурии ИМА моҳи ноябри соли 2012 баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG