Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду шахсияти исломӣ дар Боку боздошт шуданд


Бино ба гузоришҳо, полиси Озарбойҷон ду нафар аз фаъолони машҳури исломиро боздошт кардааст. Ориф Ғаниев-муовини раиси ҳизби ғайриқонунии исломии Озарбойҷон ва Ромин Байрамов-сардабири сомонаи хабарии исломӣ бо номи islam-azeri.az рӯзи панҷшанбе боздошт шудаанд. Иттиҳоми онҳо то ҳол эълон нашудааст, вале вакили мудофеи сардабири сомонаи хабарии исломӣ гуфтааст, ҳангоми тафтиш дар хонаи вай маводи мухаддир, тапонча ва бами дастӣ пайдо кардаанд.
XS
SM
MD
LG