Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Лондон: 600 нафар гунаҳгор дониста шуданд


Рӯзи ҷумъа полиси Лондон гуфт, ки барои беназмиҳои ҳафтаи ҷорӣ дар Лондон тақрибан 600 нафар боздошт шудаанд. Дар саросари кишвар бештар аз 1 700 нафарро боздошт кардаанд. Онҳоро барои беназмиву дуздӣ гунаҳгор мешуморанд. Шаби шанбеи ҳафтаи гузашта ин беназмиҳо дар Лондон шуруъ шуд ва дар шаҳрҳои дигар аз он пайравӣ карданд. Тим Годвин-раиси полиси Лондон гууфт:

“Ҳоло мо аз ҳимояти зиёди мардум бархӯрдор ҳастем. Мо ҷиддӣ кор мебарем, то ҷинояткоронро шиносӣ кунем ва мо мехоҳем ин корро бераҳмона давом диҳем, агар ин кор моҳҳоро ҳам дар бар бигирад. Мо давру барро мегардем, додгоҳҳо барпо мекунем. Ин аст ваъдаи мо ба сокинони Лондон”.

Дар давоми чанд рӯзи беназмиҳо 5 нафар кушта шудаанд ва ҳоло полис 3 нафарро барои ин кушторҳо бозпурсӣ мекунад. Девид Камерон-нахуствазир қавл дод, ки қонуншиканҳо таъқиб, дастгир ва ба муҷозот кашонда мешаванд.
XS
SM
MD
LG