Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бохтар номи деҳоту маҳалҳо тоҷикӣ мешавад


Раҳбарони ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон тасмим гирифтаанд, ки дар ҳудуди ноҳияи худ номи тақрибан 100 деҳу маҳал ё муассисаро тағир диҳанд. Онҳо гуфтаанд, номҳои пешин ба расму суннатҳои мардуми маҳаллӣ созгор нест. Бештари аҳолии ин ноҳия дар солҳои Шӯравӣ аз манотиқи кӯҳистонӣ кӯч дода шудаанд ва ин деҳот дар он солҳо пайдо шудааст. Ба ин далел, замоне ба ин деҳот номҳои Ворошилов, Косигин, Максим Горкий, Шевченко ва амсоли он ном ниҳодаанд. Ба ҷои ин номҳо ҳоло номҳои шахсиятҳои маъруфи илмиву фарҳангии Тоҷикиситон гузошта шудааст.
XS
SM
MD
LG