Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ҳамлаи Пешоварро бар ӯҳда гирифтанд


Толибони Покистон масъулияти ҳамлаи як зани маргталаб ва як бамгузорӣ дар шаҳри Пешовари ин кишварро бар ӯҳда гирифтанд. Зан худро дар назди посгоҳи полис мунфаҷир сохт ва чунин амал аз ҳамлаҳои камназири занони маргталаб ба шумор меравад. Дар як бамгузории дигар дар ин шаҳр 6 нафар кушта шудаанд. Полиси Покистон мегӯяд, ин севвумин ҳамлаи маргталабонаи занон дар ин кишвар будааст. Умар Холид-раҳбари Толибони Покистон дар як гуфтугӯи телефонӣ аз маҳали номаълум ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфт, ҷалби занон ба бамгузориҳои интиҳорӣ бахше аз стротегияи нави Толибон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG