Пайвандҳои дастрасӣ

Юриши нерӯҳои Сурия ба як шаҳри марзӣ бо Туркия


Фаъолони ҳуқуқи инсон дар Сурия мегӯянд, артиш ба вилояти шимолуғарбии Идлиб воқеъ дар марз бо Туркия, тонку нерӯ фиристодааст. Созмони нозири ҳуқуқи инсон дар Сурия, қароргоҳаш дар Ландан мегӯяд, сарбозон субҳи имрӯз ба шаҳри Сароқиб юриш бурданд ва даҳҳо нафарро боздошт карданд. Баъди вуруди нерӯҳо аз шаҳр садои тирандозиву таркиш баланд шудааст. Вилояти Идлиб шоҳиди тазоҳуроти густурдаи зиддидавлатӣ алайҳи режими Башшор Асад шудааст. Бино ба гузоришҳо, аз замони шурӯъи тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия дар моҳи март то кунун 2000 нафар кушта шудаанд. Шӯрои Амнияти Созмони Милал ҳафтаи гузашта аз давлати Сурия хост, ба хушунатҳо фавран хотима диҳад.
XS
SM
MD
LG