Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон гирифтани бозорҳои Аврупо баъди як рӯзи сахт


Бозорҳои пурталотум ва ҳанӯз ҳам нигарон аз бӯҳрони евро

Бозорҳои пурталотум ва ҳанӯз ҳам нигарон аз бӯҳрони евро

Бозорҳои бурси Аврупо баъди суқути арзиши саҳом дар рӯзи чаҳоршанбе, субҳи имрӯз шоҳиди болоравии нисбии қиматҳо шуд. Бими амиқрафти бӯҳрони евро ҳанӯз ҳам воҳимаи сармоягузоронро кам накардааст. Бештар аз ҳама дирӯз арзиши саҳмияҳои бонкҳои Фаронса поин омад, зеро хатари таъсири бӯҳрони Юнон ба онҳо бештар аст. Рӯзи чаҳоршанбе қимати саҳмияҳои Сосасиете Ҷенерале, дуввумин бонки бузурги Фаронса 20 дар сад поин омад. Бонкҳои Фаронса мувофиқат кардаанд, ки Юнон 15 миллиард доллари онҳоро бо таъхир бипардозад. Ҳукумати Фаронса сарусадоҳо доир ба онро ки, рутбаи эътибори иқтисодии ин кишварро мисли рутбаи эътибори Амрико поин мебаранд, рад кард.
XS
SM
MD
LG