Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико амалан хостори истеъфои Башор Асад шуд


Ҷей Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед

Ҷей Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед

Сухангӯи раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, мегӯяд, Кохи Сафед ончиро, ки президенти Сурия, Башор Асад ба мардуми худ раво мебинад, “бо ваҳшат” дунбол мекунад. Ҷей Карнӣ гуфт, Обама мутмаин аст, ки Сурияи бидуни Асад ба маротиб беҳтар хоҳад буд ва Иёлоти Муттаҳида нақша дорад, фишорро ба ҳукумати Сурия идома диҳад, то он саркӯби хунини шаҳрвандони ислоҳотхоҳи хешро қатъ кунад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, дар нооромиҳои Сурия сар аз моҳи март зиёда аз 1700 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳукумати Амрико таҳримҳои наверо зидди Сурия эълом доштааст.
XS
SM
MD
LG