Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди хунини иштибоҳӣ дар Қандаҳор


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Мақомоти афғон мегӯянд, задухӯрди шаби гузашта байни нирӯҳои НАТО ва пулиси маҳаллӣ дар вилояти Қандаҳор дастикам 2 афсари афғонро кушта ба ҷо гузоштааст. Раиси пулиси ин вилоят Абдулрозиқ гуфт, кушташудаҳо узви пулиси маҳаллӣ будаанд, ки ба хотири ҳифозати рустоҳо аз чирикиҳои толиб ташкил шудааст. Ба гуфтаи мақомот, нирӯҳои НАТО иштибоҳан ин афсаронро чирикӣ гумон бурдаанд. ISAF гуфт, қазияро таҳқиқ мекунад.
XS
SM
MD
LG