Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаби чоруми ошӯбҳо дар Бритониё


Ошӯбҳои ҷавонон дар саросари Бритониё шаби гузашта низ идома кард, вале Лондон дар шаби чоруми ошӯбҳо асосан ором буд. Беназмиҳову сӯхтанҳо ва ғоратгариеро, ки гуфта мешавад, рӯзи шанбе дар пайи ҳалокати як ҷавон аз тири пулис дар Тоттенҳем оғоз ёфт, бадтарин ошӯбҳо дар Бритониё аз солҳои 80 ба ин сӯ меноманд.
Пулис мегӯяд, 3 мард дар Бирмингҳем дар ҷараёни ошӯбҳо зери мошин монда, ҳалок шудаанд. Бино ба хабарҳо, ин се осиёӣ молумулки худро ҳимоят мекарданд.
Барои ҳифзи тартибот дар Лондон 16 000 нерӯи пулис басиҷ шуда, то имрӯз дар пойтахти Бритониё 768 нафар боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG