Пайвандҳои дастрасӣ

Корхонаҳои хусусиро дубора миллӣ мекунанд


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, корхонаҳои хусусигардонишудае, ки аз кор мондаанд, дубора миллӣ карда хоҳанд шуд. Оқои Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб гуфт, алакай ба таҳияи рӯйхати чунин корхонаҳо дастур додааст ва чунин корхонаҳоро дигарбора ба музояда гузошта, ба онҳое хоҳанд фурӯхт, ки тавони маблағгузорӣ ва таъмини фаъолияти ин таъсисотро доранд.
Ношири ин хабар – ожонсии русии Интерфакс мегӯяд, аз соли 1991 ба ин сӯ дар Тоҷикистон беш аз 12 000 корхонаву иншооти давлатӣ хусусӣ гардонда шуд, вале раванди хусусигардонӣ дар ин кишвар ҳамроҳ бо фасод ва ношаффоф будааст.
XS
SM
MD
LG