Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозорҳои саҳоми Амрико дар оғоз боло рафт


Имрӯз бозорҳои Амрико Дов Ҷонс ва Standard & Poor's 500 замоне боз шуданд, ки 1,2 дарсад боло рафта буданд. Nasdaq низ дар дақиқаҳои аввал 1,5 дарсад боло рафт. Ин дар ҳолест, ки нархи саҳом дар бозорҳо рӯзи душанбе поин рафта буд. Бозорҳои саҳоми Аврупо низ субҳи имрӯз бо нишондодҳои беҳтар боз шуд, вале дар нимаи дуввуми рӯз ин нишондодҳо поин рафтанд. Суқути нархи саҳом дар бозорҳо баъд аз нигарониҳо аз бӯҳрони қарз дар қаламрави истифодаи евро пеш омад, зеро нигарониҳо вуҷуд дошт, ки бӯҳрон дар Италияву Испания низ доман мегустарад. Жан Клод Трише-раиси Бонки Марказии Аврупо низ имрӯз гуфт, ин бонк авроқи баҳодорро ба таври фаъол аз Италияву Испания харидорӣ мекунад ва ин корро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG