Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозхонди сафирони Кувейт ва Баҳрайн аз Сурия


Кувейт ва Баҳрайн ба дунболи Арабистони Саудӣ сафирони худро аз Сурия фаро хонданд. Бо ин иқдом онҳо норозигии худро аз бархӯрди хашини режими Башор Асад ба норозиёни кишвараш изҳор доштанд. Вазири умури хориҷии Кувейт Шайх Муҳаммад Ал-Салим Ал-Сабоҳ гуфт, “ҳеҷ кас хунрезӣ дар Сурияро қабул надорад.” Лигаи кишварҳои араб низ аз раисиҷумҳури Сурия хостааст, саркӯби хушунатбори мухолифони худро қатъ кунад ва роҳи ислоҳотро дар пеш бигирад.
XS
SM
MD
LG