Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи талотум дар бозорҳои молии ҷаҳон


Бозорҳои бурси Осиё гирифтори дарди сар
Бозорҳои бурси Осиё гирифтори дарди сар
Бо вуҷуди саъйи раҳбарони қудратҳои ҷаҳонӣ барои ором кардани сармоягузорон, ки аз вазъи иқтисоди Амрико ва бӯҳрони евро нигаронанд, талотум дар бозорҳои бурси ҷаҳонӣ идома дорад. Дар Токио қимати саҳҳом 2 дар сад ва дар Ҳонк Конг чаҳор дар сад поин омад. Бо назардошти ин тамоюл, таҳлилгарон аз зуҳури бӯҳрони нави иқтисодии бадтар аз бӯҳрони соли 2008-2009 ҳушдор додаанд. Тимотӣ Гейтнер, вазири молияи Амрико, дирӯз муассисаи нозири Стандарт энд Пур, интиқод кард, ки ба гуфтаи ӯ як нишондиҳандаи барҷастаи эътимоди иқтисодӣ ба Амрикоро рӯзи ҷумъа поин бурд: "Стандарт энд Пур, воқеан қазовати ваҳшатноке нишон дод ва кори худро бисёр бад иҷро кард. Онҳо ноогоҳии такондиҳанда доир ба буҷаи Амрикоро нишон доданд ва ба андешаи ман, хулосаи комилан нодуруст бароварданд." Аз сӯи дигар Бонки Марказии Аврупо гуфт, омодаи кӯмаки молӣ ба кишварҳои ҳавзаи пули воҳиди евро аст, ки нигарониҳо аз вазъи молии Итолиё ва Испониё ду иқтисоди бузурги он ҳавза бештар мешавад.
XS
SM
MD
LG