Пайвандҳои дастрасӣ

Чархболи Амрикоро дар Вардак Толибон суқут додаанд


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида дар Вошингтон гуфтанд, ба ақидаи онҳо, чархболи нақлиётии нерӯҳои Амрико дар Афғонистон аз исобати мушаки Толибон суқут кардааст. Ин чархбор 38 сарнишин дошт, ки ҳамаи онҳо ба ҳалокат расиданд. Сӣ нафари онҳо амрикоӣ ва умдатан сарбозони нерӯҳои вижа буданд, ҳамчунин ҳафт коммандои афғон ва тарҷумони мулкӣ. Толибон дар рӯзи суқути ин чархбол, 5-уми август дар вилояти Вардак, ғарби Кобул, масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифта буданд. Як намояндаи Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, дар байни кушташудагон ҳарбиёни нерӯҳое низ буданд, ки Усома бин Лодинро ба ҳалокат расонданд, аммо гумон аст, онҳо ширкаткунандагони он амалиёт бошанд.
XS
SM
MD
LG