Пайвандҳои дастрасӣ

Шаш кишвари арабӣ хостори хатми хунрезӣ дар Сурия шуданд


Намоишҳои эътирозӣ дар Сурия идома доранд

Намоишҳои эътирозӣ дар Сурия идома доранд

Сарони шаш кишвари узви Шӯрои ҳамкориҳои давлатҳои халиҷи Форс – Баҳрайн, Кувайт, Уммон, Қатар, Арабистони саудӣ ва Аморати муттаҳидаи араб имрӯз бо нашри як изҳорот аз мақомоти Сурия даъват намуданд, ки фавран ба хушунату хунрезӣ хотима гузоранд.

Дирӯз сарони Амрико, Фаронса ва Олмон раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро барои истифодаи беасоси нерӯ алайҳи эътирозгарон маҳкум намуданд.

Дар сӯҳбатҳои телефонӣ Барак Обама, Николя Саркозӣ ва Ангела Меркел аз изҳороти ахири Шӯрои амнияти СММ, ки дар он истифодаи нерӯ аз сӯи Димишқ танқид шудааст, истиқбол карданд. Онҳо ҳамчунин хабар доданд, ки дар мавриди афзоиши фишор болои режими Башор Асад ба созиш расидаанд.
XS
SM
MD
LG