Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳмад Боқиев 7 сол ҳукми зиндон гирифт


Аҳмад Боқиев

Аҳмад Боқиев

Додгоҳи низомии Бишкек Аҳмад Боқиев, бародари раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Аҳмад Боқиев ба ташкили ошӯбҳо, ҳамла ба мақомот амниятӣ, тамаъҷӯӣ ва ширкат дар рӯёрӯиҳои қавмии моҳҳои майю июну соли гузашта дар ҷануби Қирғизистон айбдор мешуд ва сухангӯи додгоҳи олӣ Бакитбек Рисалиев гуфтааст, ки ӯро дар кулли ин иттиҳомот муҷрим шинохтанд. Вакили мудофеъи Боқиев Анорбек Яъқубов аммо гуфт, муваккилаш аз ин ҳукм шикоят хоҳад бурд. Аҳмад Боқиев 23 июни соли гузашта дар Ҷалолобод боздошт шуда буд.
XS
SM
MD
LG