Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби қонуни муҳими ва дилхоҳи ҳукумати Амрико


Маҷлиси Намояндагони Амрико қонун дар бораи боло бурдани ҳадди қарзи ҳукуматро қабул кард, ки нахустин қадам дар роҳи ҷилавгирӣ аз варшикастагии ҳукумати Амрико маҳсуб мешавад. Ба тарафдории қонун, дар Маҷлиси Намояндагон 269 нафар раъйи мувофиқ ва 161 нафар раъйи мухолиф додаанд. Аксари аъзои ҳизби демократи Барак Обама ба ин қонун раъйи мухолиф додаанд. Қонун дар бораи аз 14,3 триллион доллар боло бурдани сақфи қарзи ҳукумат зоҳиран рӯзи сешанбе дар сенати Амрико қабул хоҳад шуд. Вакилони мардумии Амрико то рӯзи сешанбе фурсат доранд, то қонуни мазкурро қабул кунанд, дар акси ҳол ҳукумати Иёлоти Муттаҳида пули кофӣ барои пардохти ҳисобҳояш нахоҳад ёфт, ки ин иқтисоди кишвар ва тамоми ҷаҳонгир гирифтори бесарусомониҳои нав хоҳад кард. Бар асоси қонун ҳадди қарзи ҳукумати Амрико 2,4 триллион доллар болотар бурда мешавад, вале дар иваз аз ҳукумати Барак Обама хоста шудааст, то 10 соли дигар хароҷоти буҷаи ҳукуматро 2,1 триллион доллар кам кунад.
XS
SM
MD
LG