Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ҷасади 15 фирорӣ дар киштие дар Лампедуза


Дар як киштӣ дар соҳилҳои ҷазираи Лампедузаи Италия ҷасади 15 фирорӣ аз Либия ошкор гардид.

Ба гуфтаи мақомоти Италия, сабаби ҳалокати ин афрод ҳанӯз маълум нест ва аммо ҳадс зада мешавад, ки онҳо дар қисмати поёнии киштӣ аз газу дуд заҳролуд шудаанд.

Дар киштӣ 296 нафар аз Либия ба Италия фирор мекарданд. Бар пояи бархе хабарҳо, мусофирони аз газу дуд заҳролудшуда талош карданд, ки ба боло бароянд ва аммо мусофирони саҳни киштӣ монеъашон шуданд, зеро дар боло “ҷойи сӯзан задан набуд”.

Аз моҳи январ ба ин сӯ аллакай 33 ҳазор фирориён аз Либия вориди ҷазираи Лампедуза шудаанд.
XS
SM
MD
LG