Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳони нави нерӯҳои Туркия таъйин мешаванд


Раҳбарони сиёсиву низомии Туркия имрӯз барои интихоби фармондеҳони нави нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвари узви НАТО гирди ҳам меоянд. Рӯзи ҷумъа чаҳор фармондеҳи олирутбаи Туркия, аз ҷумла Исик Кошанер, раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳ, ҳамроҳ бо фармондеҳони артиш, нерӯҳои дарёӣ ва ҳавоӣ ба нишони эътироз аз ҳукми зиндони даҳҳо генерал ва афсарони дигари артиш аз мақомҳояшон истеъфо доданд. Ин низомиён ба талош барои табаддулоти давлатӣ гунаҳкор дониста шудаанд. Дар нишасте, ки ба раҳбарии нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдӯғон баргузор мешавад, фармондеҳони нав таъйин хоҳанд шуд. Таниш миёни низомиёни тарафдорони низоми дунёявӣ дар Туркия ва ҳукумати дорои решаҳои исломӣ аз дер боз идома дорад.
XS
SM
MD
LG