Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи НАТО ба мавҷрасонҳои телевизиони Либия


НАТО мегӯяд, ҳавопаймоҳояш мавҷрасонҳои телевизиони давлатии Либияро бомббор кардаанд, чунки он ҳама барои таҳрик ба хушунатҳо ва таҳдиди мардум истифода мешуд. Сухангӯи НАТО Роланд Лавойе гуфт, ин ҳамла бо истифода аз таслиҳоти заработи дақиқ сурат гирифтааст: “Ин ҳамлаи чанд соат қабли НАТО 3 мавҷрасони моҳвораи телевизиони давлатии Либияро дар Троблус аз кор баровард. Ин зарба дар чорчӯби қарори Шӯрои Амният буда, қасдаш аз дасти Қаззофӣ задани имкони истифода аз телевизиони моҳвораӣ бо ҳадафи тарсондани мардум ва таҳрики хушунат алайҳи онҳо буд.”
Аммо бо гузашти чанд соат аз ҳамлаи НАТО, телевизиони Либия ҳанӯз барнома пахш мекард. НАТО аз моҳи март вориди амалиёти зидди режими Муаммар Қаззофӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG