Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ахбори зиддунақиз дар бораи даргирии Шӯрообод


Вазири хориҷаи Афғонистон Залмай Расул имрӯз дар Душанбе гуфт, аз мақомоти Тоҷикистон дар бораи қазияи кушта шудани 8 афғон дар минтақаи марзии Шӯрообод тавзеҳи бештар хостааст.
Қаблан аз қавли мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳалокати 8 марзшикани гумонбар ба қочоқи маводи мухаддир дар як задухӯрди рӯзи 23 июл дар ин қисмати марз бо Афғонистон хабар нашр шуд. Ба гуфтаи ин манобеъ, аз маҳалли задухӯрд 50 кило маводи мухаддир ва аслиҳа кашф шудааст. Аммо хабаргузории «Пажвок»-и Афғонистон аз қавли вакили собиқи парлумон аз вилояти Самангон мегӯяд, афроди кушташуда як гурӯҳи сайёҳон аз ин вилоят будаанд.
XS
SM
MD
LG