Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти ғайрирасмии раҳҳбарони СПАД дар Остона


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон 12 август дар Остона-пойтахти Қазоқистон дар мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат мекунад. Қарор аст дар ин мулоқот масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа ва ҳамкориҳои кишварҳои узв дар чаҳорчӯбаи ин созмон баррасӣ шавад. Бино ба хабарҳои матбуоти маҳаллӣ, қарор аст дар рӯзи баргузории мулоқот раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо раҳбарони кишварҳои узв дидорҳои дуҷониба дошта бошад. Дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ 7 кишвар Арманистону Беларус, Русияву Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон узвият доранд. Ин созмон 15 маи соли 1992 ташкил шуд.
XS
SM
MD
LG