Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафиссату мӯҳри хомӯшӣ аз лаб барканд


Доминик Стросс-Кан
Доминик Стросс-Кан
Нафиссату Диалло, ходимаи меҳмонсарои Sofitel, ки раҳбари пешини Сандуқи байнулмилалии пул Доминик Стросс-Канро дар таҷовуз ба номусаш айбдор мекунад, дар сӯҳбат бо маҷаллаи
Newsweek, гуфт, ки мехоҳад Стросс-Кан ҳатман муҷозот шавад.

Дар сӯҳбат бр шабакаи телевизионии ABC Диалло ташреҳ кард, ки чун мақомоти тафтишотӣ ба баёноти ӯ шубҳа кардаанд, ӯ маҷбур аст, ки мавзӯъи таҷовузро аз тариқи расонаҳо баррасӣ кунад. Аз ин пештар хонум Диалло аз сӯҳбат бо хабарнигорон парҳез мекард.

Ин ҳафта Стросс-Кан ҳамчун гумонбар дар парвандаи таҷовуз ба номуси ходимаи меҳмонсаро мавриди муҳокимаи додгоҳӣ қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG