Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз ҳавопаймоҳи НАТО ҳадафҳоеро дар Троблус-пойтахти Либия бомборон карданд. Як шоҳиди айнӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки дар Троблус дастикам 6 инфиҷор рух додааст. Ба гуфтаи ин шоҳид, ин инфиҷорҳо дар ҳафтаҳои ахир қаввитарин будаанд. Телевизиони давлатии Либия гузориш додааст, ки ин инфиҷорҳо қурбонӣ ва харобиҳо бар ҷой гузоштааст, вале ҷузъиёти онро нашр накардааст. Ин бомборонҳо замоне анҷом гирифтааст, ки шӯришиён дар мубориза барои сарнагунии Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия ба дастовардҳои ночиз ноил шудаанд. Муборизаи онҳо бар зидди Қаззофӣ аз моҳи феврал идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG