Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи махсуси расидагӣ ба шикоёт ба СММ


Дар Тоҷикистон барои расидагӣ ба шикоёти инфиродие, ки ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ирсол мешаванд, як гурӯҳи вижа таъсис додаанд. Намояндаи дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯров дар як нишасти махсуси масоили ҳуқуқи инсон дар Душанбе вуҷуди мушкилот дар амри расидагӣ ба шикоёти мардумро эътироф кард ва гуфт, дар ин авохир шумори чунин шикоёт ба СММ зиёд шудааст. Оқои Ашӯров гуфт, ба хотири расидагӣ ба ин шикоёт аз ҳисоби намояндагони Додгоҳи олӣ, додситонии кулл ва вазорату идораҳои интизомиву зидахл як гурӯҳи корӣ ташкил кардаанд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, кумитаи ҳуқуқи инсони СММ то ҳол 22 шикоят аз Тоҷикистонро баррасӣ карда, назарашро гуфтааст, вале Душанбе то ҳол ба ҳеҷ яки ин мавридҳо посухи расмӣ надодааст.
XS
SM
MD
LG