Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як фармондеҳи "Толибон" дар Қандаҳор


Бар асари як задухӯрд миёни полис ва толибон дар шаҳри Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, се корманди полис ба ҳалокат расиданд. Ду тан аз мухолифини ҳукумат, аз ҷумла, фармондеҳи толибон Мулло Кар кушта шудаанд.

Мақомоти полиси Қандаҳор дар ин бора хабар дода, ҳамзамон иттилоъ дар бораи ҳамлаи толибон ба қароргоҳи полисро рад карданд. Ба гуфтаи онҳо, задухӯрд баъди он ба вуқӯъ пайваст, ки нерӯҳои амниятӣ ду мусаллаҳи толибро дар як хона ошкор ва муҳосира карданд. Дар амалиёт раиси яке аз идораҳои полиси маҳаллӣ ҳам ба ҳалокат расидааст.

Тибқи як хабари дигар аз Афғонистон, имрӯз низомиёни НАТО назорати амният дар шаҳри Лашкаргоҳро дар ихтиёри нерӯҳои афғон мегузоранд. Лашкаргоҳ – маркази Ҳилманд, вилояти ҳамсоя бо Қандаҳор аст.

Рӯзҳои ахир толибон дар ин ду вилоят - Ҳилманд ва Қандаҳор фаъол шудаанд.
XS
SM
MD
LG