Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати ИМА озодшавии Усмоновро истиқбол мекунад


сафири ИМА дар Тоҷикистон Кен Гросс аз аввалин дипломатҳои хориҷӣ буд, ки аз ҳукумати Тоҷикистон озодкунии У.Усмоновро тақозо кард
сафири ИМА дар Тоҷикистон Кен Гросс аз аввалин дипломатҳои хориҷӣ буд, ки аз ҳукумати Тоҷикистон озодкунии У.Усмоновро тақозо кард
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо пахши изҳороте озод шудани хабарнигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонов ва қарори додситонии кулли Тоҷикистон оиди бекор шудани иттиҳоми марбут ба иртиботи ӯ бо созмони мамнӯи “Ҳизб-ут-Таҳрир”-ро истиқбол кард. Дар изҳороти сафорат гуфта мешавад, ки “мисли ҳамаи рӯзноманигорон, Ҷаноби Усмонов барои иҷроиши хуби вазифаи қонунии худ бояд бо доираи васеи шахсон мулоқот кунад”. Сафорат аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ки иттиҳомоти боқимондаи хабарнигорро низ бекор кунанд. Ӯрунбой Усмонов баъди як моҳи боздошту бозпурсиҳо рӯзи 14 июл бо шарти адами тарки қаламрави шаҳри Хуҷанд озод шуд.
XS
SM
MD
LG