Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарии нирӯҳои амрикоиро дар Афғонистон генерал Ҷон Аллен ба дӯш гирифт


Ҷон Аллен
Ҷон Аллен
Генерал Девид Петреус аз мақоми фармондеҳи аршади нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон канор рафт.

Петреус баъди як соли раҳбарии нирӯҳои байналмилалии ҳофизи сулҳ дар Афғонистон рисолати худро анҷом дода раиси оҷонсии марказии истихборот таъйин мешавад.

Имрӯз дар як маросим дар шаҳри Кобул Петреус масъулияти фармондеҳии нирӯҳоро ба генерал Ҷон Аллен таслим кард, ки баъди сулҳ бо раҳбарони суннимазҳаби Ироқ номдор шудааст. Маросими мазкур соатҳо баъди кушта шудани яке аз мушовирони наздики президент Ҳомид Карзай дар манзилаш баргузор шуд.

Ҷомуҳаммад Хон мушовири Карзай дар масоили қабилаҳо ва аз наздикони президент ба шумор мерафт. Дар куштори ӯ Толибон даст доранд, ки ҳанӯз чанд рӯз пеш аз ин бародари президент Аҳмадвалӣ Карзайро дар Қандаҳор террор карданд.
XS
SM
MD
LG