Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди нирӯҳои Сипоҳ бо чирикиҳои курд


ИРНО, хабаргузории расмии Эрон хабар дод, ки Сипоҳи посдорони инқилоб дар ҷараёни як амалиёт дар шимолуғарби кишвар 5 чирикии курдро куштаанд. ИРНО гуфт, ин амалиёти шабона алайҳи яке аз қароргоҳҳои гурӯҳи чирикии Пежок дар ҳошияи шаҳри Сардашт дар наздикии марзи Ироқ сурат гирифтааст. ИРНО ва сухангӯи Пежок Шерзод Камонкор мегӯянд, дар ин задухӯрд як сарбози эронӣ низ ҷон бохтааст. Аммо ба гуфтаи Камонкор, чирикиҳо танҳо ду кушта ва 4 захмӣ додаанд. Ин даргириҳо дар ҳоле рух дод, ки як мақоми низомии Эрон таҳдид карда буд, ки пойгоҳҳои Пежок дар шимоли Ироқ низ таҳти ҳамла қарор хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG