Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари пулиси Лондон истеъфо дод


Раҳбари пулиси Лондон Пол Стивенсон дар пайи ҷанҷоли дуздии навори гуфтугӯҳои телефонӣ истеъфояшро эълон кард. Пулис фаъолиятҳои рӯзномаи таблоидии ҳамакнун басташудаи "News of the World"-ро таҳқиқ мекунад, ки гумон меравад, гуфтугӯҳои телефонии садҳо тан аз шахсиятҳои маъруфу сиёсатмадорон, хабарнигорони нашрияҳои рақиб, сарбозони кушташудаи Бритониё ва ҳатто як навраси қатлшударо гӯш мекард. Стивенсон гуфт, аз доманаи ин таҷрубот хабар надошт ва “комилан нодониста” дахили қазия шудааст. Стивенсон барои он интиқод мешуд, ки Нейл Воллис, мудири собиқи ин таблоиди расвошударо, ки дар иртикоби қазияи дуздии гуфтугӯҳо таҳти бозпурсии пулис қарор дошт, ба ҳайси мушовир ба кор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG