Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кормандони полиси Урдун хабарнигоронро латукӯб карданд


Дар Урдун чаҳор корманди полис бо гумони истифодаи аз ҳад беши нерӯ алайҳи эътирозгарон ва хабарнигорон ҳангоми тазоҳурот дар пойтахт, шаҳри Уммон, боздошт шуданд.

Полис ширкатдорони тазоҳуротро бо истифода аз калтакҳо пароканда кард. Дар ин бархӯрд 15 нафар, аз ҷумла, чанд хабарнигор ҷароҳат бардоштанд.

Созмонҳои хабарнигорӣ гуфтанд, ки алайҳи бадрафтории кормандони полис намоиши эътирозӣ доир хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG