Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико бар зидди Пи Кей Кей аз Туркия ҳимоят мекунад


Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, Амрико аз мавзеъгирии Туркия дар мубориза бо шӯришиёни Пи Кей Кей ё Ҳизби Коргарии Курдистон дифоъ мекунад. Ин изҳороти хонум Клинтон дар Истамбул дар ҳоле садо медиҳад, ки як рӯз пеш шӯришиёни курд 13 сарбози артиши Туркияро ба қатл расонданд ва 7 шӯришӣ низ дар ин даргириҳо кушта шуданд. Аз замони қатъи оташбаси Ҳизби Коргарии Курдистон дар моҳи феврал ин шадидтарин даргирӣ бо шӯришиён будааст. Хонум Клинтон дар Истамбул қарор дорад, то роҷеъ ба Либия мулоқот анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG