Пайвандҳои дастрасӣ

Манъи фурӯши молҳои саноатӣ дар бозори "Шоҳмансур"


Шаҳрдории Душанбе аз 15 июл фурӯши маҳсулоти саноатиро дар бозори "Шоҳмансур" манъ кард. Сухангӯи шаҳрдорӣ Шавкат Саидов гуфт, аз 15 июл дар ин бозор танҳо маҳсулоти кишоварзиву ғизоӣ ба фурӯш гузошта хоҳад шуд. Ҳадаф аз ин иқдом таъсиси нуқтаҳои бештари фурӯши меваҷоту сабзавот ва бо ин роҳ мусоидат ба коҳиши нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон гуфта мешавад. Бозори "Шоҳмансур" аз қадимтарин бозорҳои шаҳри Душанбест, ки бо номи бозори «Зелёний» низ маъруф аст.
XS
SM
MD
LG