Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба гузоришҳо, даҳҳо нафар сокинони шаҳри Ӯши Қирғизистон аз таъхир дар сохтмони хонаҳояшон эътироз кардаанд. Хонаҳои онҳо дар ҷараёни даргириҳои қавмии миёни қирғизҳову узбакҳо тобистони соли гузушта хароб шуда буд. Сокинони ноҳияи Черёмушкии шаҳри Ӯш гуфтаанд, бо вуҷуди ин ки марҳалаи аввали сохтмон ба поён расидааст, масолеҳи зарурии сохтмонро барои идомаи сохтмони манзилгоҳҳояшон ба онҳо надодаанд. Дар ин даргириҳо 283 хона хароб шуда буд.
XS
SM
MD
LG