Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқоти Амрикову Русия роҷеъ ба фарзандхонди кӯдакон


Дирӯз Амрикову Русия мубоҳисот роҷеъ ба суистифода аз фарзандхонди кӯдакони Русия аз тарафи хонаводаҳои Амрикоро ба поён расонданд. Вошингтон розӣ шуд, ки ин масъаларо бештар зери назорат бигирад. Дар ин бора Ҳилларӣ Клинтон ва Сергей Лавров-вазирони корҳои хориҷаи Амрикову Русия дар Вошингтон мувофиқатномае ба имзо расонданд. Хонум Клинтон гуфт, ки ин мувофиқатнома барои ҳимояти чунин кӯдакон назоратро бештар ва заминаи шаффофиятро барои ҳамаи ҷонибҳои зидахл фароҳам меорад. Соли гузашта вақте, ки Тенниссе як хонуми амрикоӣ аз модархонди як кӯдаки рус даст кашид ва кӯдакро танҳо ба Маскав фиристод, Русия ба ғазаб омада буд.
XS
SM
MD
LG