Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Танҳо камтар аз 5 дарсади аҳолии қобили кори вилояти Хатлон ҳаёти худро суғурта кардаанд.

Баландтарин қимати бимаи ҳаёт ба 6-7 ҳазор сомонӣ, муодили аз 1200 то 1500 $, баробар будааст.

БЕТАФОВУТӢ БА ҲАЁТИ ХУД

Агар ҳам дар кишварҳои хориҷӣ асосан одамони солманд ё кормандони корхонаҳои саноатию шахтаҳои зараррасон ба вазъи саломатӣ ҳаёти худро суғурта кунанд, дар Тоҷикистон асосан ҷавонону миёнасолон, ки ғолибан дар идораю муассисаҳои давлатӣ ифои вазифа мекунанд, ҷони худро бима мекунанд.

Ширкати давлатии суғуртаи вилояти Хатлон аз сокинони маҳаллӣ даъват кардааст, ки дар баробари суғуртаи мошину манзили зист, пештар аз ҳама ҳаёти худро суғурта кунанд. Ҳомид Ибронов, раиси ширкати мазкур, мегӯяд, дар ҳоле ки дар ҷаҳони муосир одамон бо маблағҳои калон ҳатто узвҳои алоҳидаи бадани худро бима мекунанд, шаҳрвандони
Ҳомид Ибронов, раиси ширкати давлатии суғуртаи вилояти Хатлон

Тоҷикистон ба ҳаёти худ ё бетафовутанд ё камаҳамият мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло танҳо беш аз 8,5 ҳазор сокини Хатлонзамин ба бима (суғурта)-и ҳаёт фаро гирифта шудаанд, ки бештарашон ҷавонон ва ходимони давлатӣ мебошанд.

Ҷаноби Ибронов, дар ин иртибот афзуд: «Дар Тоҷикистон ҳоло ин навъи суғурта вуҷуд надорад, ки масалан, узвҳои ҷудогонаи бадани инсон суғурта шавад, балки танҳо як намуди умумии суғуртаи ҳаёт аст, ки Худо накарда, ягон ҳодисае бо инсон рух диҳад, ё барои муолиҷа ё чизи дигар, маблағи суғуртаи ҳаёт супурда мешавад. Одамон метавонанд, ки барои 1000 сомонӣ ҳаёти худро суғурта кунанд, ё як миллион доллар. Аммо дар мо ин хел одамоне нестанд, ки ҳаёташонро ба як миллион доллар бима кунанд. Дар мо одатан, ҷони худро максимум ба 1000 ё 1500 доллар суғурта мекунанду халос. Метавонанд ҷони худро барои 6 моҳ, 1 сол, то 12 сол суғурта кунанд…»

АГАР СУҒУРТАИ ИҶБОРӢ НАБОШАД...

Ба гуфтаи Ҳомид Ибронов, ҳоло навъи суғуртаи ҳаёт тақрибан аз миён рафта, дар Тоҷикистон танҳо афроди масъули давлатӣ ҷони худ ва сиҳҳатиашонро суғурта мекунанду халос ва он ҳам ба сурати ҳатмӣ, он гуна, ки қонун талаб мекунад.

Ва аммо гуфта мешавад, дар аксари маврид бимакунии ҳаёти кормандони ҳукуматҳо ва идораҳои давлатӣ ба таври ихтиёрӣ-иҷборӣ сурат мегирад.

Нарзулло Олимов, корманди ҳукумати вилояти Хатлон, мегӯяд, ҳама навъи суғурта ихтиёрист ва набояд касе, ҳатто ходимони давлатӣ ба бимакунӣ маҷбур карда шаванд. Вай дар шарҳи ин ҳол, ки чаро то ҳанӯз ҳаёти худро суғурта накардааст, гуфт: «Агар ягон қарори махсус содир шавад, шояд ҳаёти худро суғурта кунем. Аммо шуба ҳаст, ки маблағи суғуртаро дар вақти зарурӣ гирифта тавонем. Масалан, суғуртаи мошин ҳатмӣ шудааст. Лекин бисёриҳо, дар пайи ҳодисаҳои нохуш, садамаҳо, мехоҳанд, ки маблағи суғуртаашонро бигиранд, аммо наметавонанд. Баъзеҳо даводаву кашокаши бисёр мекунанд, ошнобозӣ мекунанд, баъд шояд гирифта тавонанд. Одамон баъд аз пайдо шудани баъзе ширкатҳо, мисли «Квестнет»-у «Ҷамол-кампания» ва мисли инҳо, ки мардумфиребӣ кардаанд, дигар нобовар шудаанд. Барои надоштани бовару эътимод, одамон бо «Тоҷиксуғурта» ҳам ҳамкории худ надоранд…»

ЧАРО МАРДУМ БИМА НАМЕКУНАНД?

Таҳлилгарон мегӯянд, агар як сабаби бима накардани ҳаёт камбуди молӣ бошад, мушкили бекорӣ ва вуҷуди шубҳаю нобоварӣ ба дарёфти маблағи суғурта ба ҳангоми зарурат, аксари шаҳрвандонро аз ширкати «Тоҷиксуғурта» дур кардааст.

Давлати Шоҳэътибор, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд: «Рости гап, ман мехоҳам, ки ҳаёти худро суғурта кунам. Лекин бовар надорам, ки пуламро баргашта медиҳанд. То замони ҷанги шаҳрвандӣ ду намуд суғурта доштам,
Давлати Шоҳэътибор, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа

маблағи якеашро гирифта будам ва хеле аз мушкилҳои зиндагиро бо ин маблағ пушти сар кардем. Аммо ҳоло пулро медиҳед, аммо умедатонро меканед. Зеро бозпас гирифтанаш агар мумкин аст, лекин хеле мушкил. Агар «Тоҷиксуғурта» кори шаффоф доштанашро исбот кунад ба мардум, омодаам ҳаёти худ, падару модарам ва фарзандонамро суғурта кунам, то дар рӯзҳои сахт пеши касе сархам нашуда, аз ин пул истифода кунам. Мушкили дигар беқурбшавии пули миллӣ аст. Ҳоло агар 500 сомонӣ суғурта кунед, баъди 2-3 сол ин маблағатон то 20-30 фоиз беқурб мешавад. Яъне бисёр намешавад. Пас, фоида чист?»

"ҶОН ДАР БАДАНИ ИНСОН АМОНАТИ ХУДОВАНД АСТ."

Агар гурӯҳе аз коршиносон суғуртаи ҳаёту саломатиро бас муҳим арзёбӣ намоянд, донишмандони улуми исломӣ аз ин навъи бима пуштибонӣ намекунанд. Ба иддаои бархе уламои дин, «дар ислом суғуртаи узвҳои бадан ва умуман, суғуртаи ҳаёти инсон ҷоиз нест, зеро ҷон дар бадани инсон амонати Худованд маҳсуб мегардад.»

Феълан дар Тоҷикистон дар қиболи Ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта», ҳамчунин 17 ширкати хусусии суғуртавӣ фаъолият мекунанд. Аммо ба иддаои масъулони соҳаи суғуртаи тоҷик, танҳо ширкати давлатӣ метавонад кафолати бозпардохти маблағи суғурташударо ба шаҳрванд бидиҳад.

Ва аммо ҳарчанд мувофиқи қонун, суғуртаи ҳаёти инсон ва маблағи суғурташуда дар ширкатҳои суғуртавӣ махфӣ нигоҳ дошта мешавад, ҳамоно мизони эътимод ба чунин ширкатҳо костаасту шаҳрвандон ба кори мунсифонаи ширкатҳои суғуртавии кишвар бо чашми шубҳа менигаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG